ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирии амалҳои коррупсионӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст

Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз ба таҳлука оварда, дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеа эҷод мекунад, коррупсия мебошад. Коррупсия ва ҷиноятҳое, ки дар умум дорои хислати коррупсионӣ мебошанд, дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир натанҳо асосҳои давлатдориро заиф намуда, барои рушди умумимиллӣ монеа эҷод мекунанд, балки болоравии иқтисодиётро боздошта, ба некуаҳволии иҷтимоӣ зарба мезананд ва суботу оромиро халадор карда, боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонанд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки истилоҳи коррупсия ҳанӯз дар ҳазораи сеюми пеш аз милод дар Чини қадим, Ҳиндустон ва Мисри қадим дар рӯи гилтахтаҳо ва сангҳо навишта шуда, дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнони қадим, Мисри қадим, Ҳинд ва Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё дида мешуд.

Агар баъд аз сохтори ҷамоати ибтидоӣ ба сохти давлатдориву давлатсозӣ назар кунем, пас аз таҳқиқ ба хулосае мерасем, ки ришва як амали номатлуби ҷамъиятӣ буда, решаҳои таърихиро доро мебошад. Яъне, пораву тамаъҷӯӣ ва фасодкорӣ дар баробари ташаккулёбии давлатҳо зуҳур карда, бештар дар бобати соҳиб шудан ба мансабҳои дав- латӣ ба чашм мерасад.

Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст ва тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Метавон гуфт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа- ро қарзи шаҳрвандӣ ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.

Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 Пешвои миллат таъкид бар он доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар кадоми моро зарур аст, ки доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб тадбирҳои назаррас андешем.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: