ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, Ассосиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба қарору қонунҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, ҳамкорӣ бо ширкатҳои брокерӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода доир ба фаъолияти мақомоти гумрук ва Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.

 

 

 

Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории конструктивии мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

«Аз ҷониби мақомоти гумрук бо роҳи соддагардонӣ ва суръатбахшии расмиёти гумрукӣ, мубориза бо вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, мусоидат намудан ба амалӣ гардидани таъбирҳое, ки ба ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин, истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ равона карда шудаанд, вазифаҳои асосии шӯро ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани вазифаҳои мазкур бояд аъзоёни шӯро ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ фаъол бошанд», - афзуд Хуршед Рауфзода.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

 

Зимни ҷаласаи мазкур раиси Ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ Фирӯза Маҳмудова зикр кард, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониши брокерон ва соҳибкорон бояд семинару машваратҳо гузаронда шавад.

«Баҳри муайян намудани арзиши гумрукии мол, интиқоли бештари молу маҳсулот, омӯзиши технологияи навин барои гумрукчиёни ҷавон бояд вохӯриву мулоқот ва семинару машваратҳои зиёд баргузор кард», афзуд Фирӯза Маҳмудова.

Бояд гуфт, ки Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомномаи Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

Дар охири ҷаласа як қатор пешниҳодҳои муфиди соҳбкорон аз ҷониби роҳбарияти Раёсат хуб пазируфта шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: