27 октябри соли 2026 дар Академияи гумруки Русия чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки федералии Федератсияи Русия баргузор гардид.
.jpg)
Дар чорабинии мазкур роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Одиназода иштирок намуд.
Барномаи чорабинӣ аз чанд бахш иборат буда, ҷамъомади меҳмонон, баргузории митинг дар назди Ёдгории хотираи кормандони мақомоти гумрук, боздид аз намоишгоҳи «35 сол дар қадам бо Хадамоти гумруки Русия» ва консерти идонаро дар бар гирифт.
.jpg)
Бояд тазаккур дод, ки таърихи ташаккули низоми муосири гумрукии Русия ба 25 октябри соли 1991 рост меояд. Дар тӯли 35 соли фаъолият Хадамоти гумруки федералӣ марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди низоми гумрукиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва танзими фаъолияти савдои хориҷӣ нақши муҳим дорад.
Дар ин раванд Академияи гумруки Русия ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи таҳсилоти олӣ дар омода намудани мутахассисони соҳа, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук саҳми муҳим мегузорад. Академия соли 1993 таъсис ёфта, дар самти рушди илми гумрук ва омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолият менамояд.
.jpg)
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи гумрук яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байниидоравӣ ба шумор рафта, ба мубодилаи таҷрибаи касбӣ, такмили маъмурикунонии гумрукӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ равона гардидааст.
Иштироки роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои касбӣ, густариши ҳамкории байни муассисаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


