2 ноябри соли 2026 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Арзишҳои конститутсионӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии байналмилалӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат: масъалаҳои назария ва амалия» баргузор гардид.
.jpg)
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи ҳуқуқ аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
.jpg)
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии ифтитоҳӣ нақши Конститутсияро дар таҳкими давлатдории миллӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим арзёбӣ намуд.
.jpg)
Дар доираи конференсия сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чӯрабекзода Э.Т. дар мавзуи «Арзишҳои конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар фаъолияти гумрукӣ: таҷрибаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза пешниҳод намуд.
.jpg)
Зимни он масъалаҳои рушди маърифати ҳуқуқии кормандони гумрук, риояи қонунгузорӣ, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
.jpg)
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз омилҳои муҳими таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


