ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баррасӣ гардиданд

22 октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид.

 

Дар кори конференсия муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ки роҳбарии Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро ба уҳда дорад, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф, аъзои Комиссияи байниидоравӣ, олимону мутахассисон ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҳамчунин намояндагони Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Дафтари барномавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳузур доштанд.

Зимни конференсия масъалаҳои мубрами такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни ин ҷиноят ва баланд бардоштани самаранокии низоми расонидани кумак ба онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, иштирокчиён татбиқи принсипи ҷазо надодани қурбониёни савдои одамон барои кирдорҳое, ки дар натиҷаи истисмор ё маҷбуркунӣ содир шудаанд, зарурати таъсиси Фонди давлатии ҷуброн ба қурбониён ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро муҳокима намуданд.

Савдои одамон яке аз шаклҳои вазнини ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ба шумор рафта, боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ, амният ва шаъну шараф мегардад. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла истисмори меҳнатӣ, маҷбур кардан ба фаъолияти ҷиноятӣ, истисмори шаҳвонӣ, гадоии маҷбурӣ ва дигар шаклҳои истисмор зоҳир гардад.

Муқовимат ба савдои одамон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, ошкор ва бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ба онҳо, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонии қурбониён аҳаммияти махсус дорад.

Ҳамкории мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон мебошад. Ҳамзамон, таҳкими механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарорсозии иҷтимоии қурбониён аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Иштирокчиёни конференсия доир ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкории байни сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намуда, таъкид карданд, ки пешгирии савдои одамон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни он андешидани тадбирҳои муштараку ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.

Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён ҷиҳати такмили низоми расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, таҳкими механизмҳои ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти масъул пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Ҳамзамон саҳми шарикони иҷтимоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар пешгирии савдои одамон, мубориза бо ин зуҳуроти ҷиноятӣ ва расонидани кумак ба қурбониёни он муҳим арзёбӣ гардид.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: