ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид

28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Маркази минтақавии RILO-Москва — сохтори Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ) оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва мубодилаи иттилоот дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти гумрук ва сохторҳои ваколатдори соҳаи гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи 25-уми роҳбарони шабакаҳои алоқаи миллии RILO-Москва муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, аз номи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам гуфт.

Зимни суханронӣ ӯ нақши шабакаҳои алоқаи миллии мақомоти гумруки кишварҳои узви шабакаи минтақавии алоқа оид ба ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук (СҶГ) барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) — RILO-Москваро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои узв муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, аҳаммияти фаъолияти ин шабакаҳоро дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ таъкид кард.

Дар идома, нақши ҳамкориҳои байни мақомоти гумрук дар самти табодули иттилоот махсус зикр гардид. Инчунин, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ, силоҳ, асъор, арзишҳои фарҳангӣ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мақомоти гумрук арзёбӣ гардид.

Зимни ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии СУГ, аз ҷумла шабакаи иттилоотии гумрукии ҳифзи ҳуқуқи CEN ва платформаи CENcomm, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, иштирокчиён масъалаҳои таҳияи маводи таҳлилӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва иштироки мақомоти гумрук дар амалиёти махсуси байналмилалӣ оид ба мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокуро баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи RILO-Москва барои соли 2027 муайян ва тасдиқ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки RILO-Москва сохтори Хадамоти федералии гумруки Русия буда, мубодилаи иттилооти ҳифзи ҳуқуқро байни давлатҳои иштирокдори ИДМ ва кишварҳои узви СУГ таъмин менамояд. Ин марказ ба Шабакаи глобалии RILO шомил буда, шабакаи мазкур 12 маркази минтақавии алоқа оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи СУГ-ро муттаҳид мекунад.

Фаъолияти RILO-Москва аз ҷониби Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ ҳамоҳанг карда мешавад.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: