Аз 28 то 30 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои байналмилалии мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.

Дар доираи чорабиниҳо Ҷаласаи 25-уми роҳбарони нуқтаҳои миллии тамоси мақомоти гумруки давлатҳои узви Дафтари минтақавии алоқа оид ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳо дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрук барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (RILO-Москва) ва Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор мешаванд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук баррасӣ гарданд.
Ҳамзамон, барои иштирокчиёни чорабиниҳо барномаи фарҳангӣ пешбинӣ шудааст. Меҳмонон бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи «Истиқлол» шинос шуда, аз боғи ангурпарварӣ дар шаҳри Турсунзода, Қалъаи Ҳисор ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ замина фароҳам меорад.


Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


