ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар МОИ «Кӯлоб» бинои нави маъмурият ва дидбонгоҳи гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуданд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва бинои дидбонгоҳи гумрукӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

Дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи гумрукӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини Раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон Фозилзода Сайдалӣ, сардори Дидбонгоҳи гумрукии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Кармизода Салоҳиддин Хуршед ва ҳайати шахсии дидбонгоҳ иштирок намуданд.

Бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони мақомоти гумрук, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва такмили расмиёти гумрукӣ бунёд гардидааст. Дидбонгоҳ бо шароити муосири корӣ таъмин буда, ба низоми иттилоотии байналмилалии гумрукии АСИКУДА (ASYCUDA) тавассути интернети баландсуръат пайваст карда шудааст. Истифодаи имкониятҳои низоми мазкур барои такмили равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, мубодилаи фаврии иттилоот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави маъмурият бо риояи санъати баланди меъморӣ ва талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии он соли 2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шудаанд. Дар рафти сохтмон беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 60 корманди минтақа ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бино аз 23 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, ду утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷойи нишаст иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ, низомҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, назорати бехатарӣ ва видеоназорат таъмин мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино маркази хизматрасонии «Равзанаи ягона» ташкил гардидааст, ки дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷират, раводид, бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд. Фаъолияти марказ ба содагардонии расмиёти маъмурӣ, сарфаи вақти соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ равона шудааст. Дар доираи корҳои ободонӣ 2,1 километр роҳ бунёд ва мумфарш гардида, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимиву ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарги рангоранг оро дода шудааст. Инчунин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар толори варзишии бино 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст.

Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҳамчунин биноҳои ҶДММ «Тоҷик Алмос», ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат», ҶДММ «Растанӣ Инно» ва ҶДММ «Фарм Кӯлоб» ифтитоҳ гардида, барои бунёди як қатор иншооти дигар санги асос гузошта шуд.

Рушди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», бунёди иншооти нави истеҳсолӣ ва такмили хизматрасониҳои гумрукӣ ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ мусоидат менамояд. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави маъмурият ва дидбонгоҳи гумрукӣ барои фароҳам овардани шароити муосири фаъолият, беҳтар намудани ҳамоҳангии хизматрасониҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодии минтақа заминаи иловагӣ мегузорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: