Намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия таҷрибаи пешқадамро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук омӯхтанд.
.png)
Давраи омӯзишӣ 12–17 октябри соли 2026 дар мавзуи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сардори шуъбаи маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук Имом Шоев ва нозири шуъбаи мазкур, лейтенанти калон Холмат Аюбов намояндагӣ намуданд.
.png)
Ҳадафи асосии давраи омӯзишӣ баррасии роҳҳои амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар амалиёти гумрукӣ, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ, истифодаи самараноки маълумот ва такмили низоми идоракунии таваккалҳо буд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва содагардонии расмиёти савдо равона шудаанд.
Зимни боздид аз ширкати Codici иштирокчиён бо имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии таснифоти молҳо мутобиқи Низоми ҳамоҳангшудаи тавсиф ва рамзгузории молҳо (HS) ва дастгирии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ шинос шуданд.
Ҳамзамон, дар Маъмурияти гумруки Нидерландия масъалаҳои татбиқи стратегияи рақамӣ, идоракунии таваккалҳо, истифодаи маълумот ҳангоми қабули қарорҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар назорати гумрукӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
.png)
Дар Бандари Роттердам иштирокчиён аз системаҳои муосири сканкунии контейнерҳо, терминали санҷишӣ ва маркази омӯзиши амалӣ дидан намуданд. Дар Донишгоҳи технологии Делфт (TU Delft) бошад, масъалаҳои таҳлили маълумот, мубодилаи иттилоот, шаффофияти занҷираи таъминот, амнияти долонҳои савдо ва рушди низоми гумруки сабз баррасӣ шуданд.
Дар доираи вохӯриҳо ва муҳокимаҳои минтақавӣ намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таҷрибаи худро мубодила намуда, сатҳи рақамикунонии мақомоти гумруки кишварҳои худро муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, имкониятҳои мутобиқсозии таҷрибаи пешқадами омӯхташуда ба шароити фаъолияти мақомоти гумруки ҳар як кишвар баррасӣ гардиданд.
.png)
Донишу таҷрибаи бадастомада барои таҳкими иқтидори рақамии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, такмили низоми идоракунии таваккалҳо, автоматикунонии равандҳои корӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти амалӣ дорад. Инчунин, мавод ва роҳҳалҳои омӯхташуда метавонанд дар ташкили курсҳои такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук истифода шаванд.
Давраи омӯзишӣ дар доираи барномаи «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ / Рушди иқтидори долони нақлиётии Транскаспӣ» баргузор гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) аз номи Ҳукумати Олмон ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба густариши ҳамкории минтақавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумрук мусоидат менамояд.
.png)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


