21 октябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини сардори Хадамот Давлатзода Азизуллоҳ Нусратуллоҳ бо ҳайати намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди онҳоро дар самти ислоҳоти гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандон баррасӣ карданд.
Давлатзода Азизуллоҳ оид ба ислоҳоти амалишуда дар мақомоти гумруки Тоҷикистон маълумот дода, барои дастгирии техникии ҷониби Корея дар татбиқи зернизоми «Идоракунии таваккал» изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки зернизоми мазкур ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирии кам нишон додани арзиши гумрукӣ ва нодуруст тасниф намудани молҳо мусоидат мекунад. Дар ин замина, маросими супоридани калидҳои барномавии зернизом марҳилаи муҳими ҳамкориҳои техникии ду кишвар арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, масъалаи таҳияи низоми автоматикунонидашудаи «Назорати молҳо пас аз барасмиятдарории гумрукӣ» баррасӣ гардид. Ҷорӣ намудани он имкон медиҳад, ки санҷиши молҳо дар асоси таҳлили хавфҳо ба роҳ монда шуда, ҳуқуқвайронкуниҳо ва саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ самараноктар ошкор карда шаванд.
Дар идомаи ҳамкорӣ такмили низомҳои рақамӣ, пешниҳоди дастгирии техникӣ ва машваратӣ, инчунин омӯзиши мутахассисони тоҷик аз самтҳои афзалиятнок муайян гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


