15 октябри соли 2026 дар Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Клуби байналмилалии атташеҳои гумруки Маскав баргузор гардид. Ҷаласа ба 35-солагии таъсиси Хадамоти федералии гумруки Русия бахшида шуд.
.jpg)
Дар ҷаласа роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Одиназода иштирок намуд.
Зимни чорабинӣ намояндагони Хадамоти федералии гумруки Русия ва Академияи гумрукии Русия оид ба самтҳои мубрами ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, инчунин таърихи таъсис ва фаъолияти Клуби байналмилалии атташеҳои гумруки Маскав маълумот пешниҳод намуданд.
.jpg)
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи гумрук, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи гумрукро баррасӣ карда, доир ба онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки давлатҳои гуногун мусоидат менамояд.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


