Аз 15 сентябр то 6 октябри соли 2026 дар Академияи Гвардияи молиявии Ҷумҳурии Италия (Guardia di Finanza), воқеъ дар шаҳри Бари, курси 42-юми омӯзишӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба амнияти сарҳадӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — подполковникҳои хадамоти гумрук Собирзода Абдуқодир ва Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода, инчунин намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндагони мақомоти ваколатдори кишварҳои гуногун таҷрибаи худро дар самти таъмини амнияти сарҳадӣ муаррифӣ карданд.

Зимни курс намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Ошкор намудани қочоқи асъори хориҷӣ ва сарватҳои асъорӣ» ва «Ташаккул ва рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди рақамикунонии дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ» маърӯза пешниҳод намуданд. Дар ин замина нақши мақомоти гумрук дар пешгирии қочоқ, истифодаи воситаҳои техникии муосири назорат ва рақамикунонии равандҳои гумрукӣ дар таъмини амнияти сарҳадӣ таъкид гардид. Инчунин, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ дар бандари баҳрӣ ва фурудгоҳи шаҳри Бари Ҷумҳурии Италия ташкил карда шуда, онҳо бо таҷрибаи амалии мақомоти ваколатдори ин кишвар шинос гардиданд. Дар анҷоми курс ба иштирокчиён сертификатҳои хатми омӯзиш супорида шуданд. Таҷрибаи андӯхташуда ва маводи омӯзишӣ минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси онҳо истифода хоҳанд шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


