Бонувони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занон, таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас мегузоранд. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар хизмати давлатӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ як силсила чорабиниҳои омӯзишӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ амалӣ мешаванд.
Ин тадбирҳо дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо ва ҷалби фаъолонаи бонувон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат роҳандозӣ мегарданд.
Татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон, таъмини имкониятҳои баробар ва ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд бонувон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти босамар дошта, дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бо фармоиши Хадамоти гумрук тасдиқ шудааст.
Дар доираи ин нақша ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати кормандон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва такмили малакаҳои хизматӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Нақши бонувон дар хизмати давлатӣ
Имрӯз занони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Бонувони мақомоти гумрук низ дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, бонувони мақомоти гумрук дар чорабиниҳои гуногуни баргузорнамудаи Кумита иштирок мекунанд.
Барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон як қатор бонувони мақомоти гумрук бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Ба гуфтаи масъулин, чунин қадрдониҳо ба баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандии занон барои иштироки фаъол дар хизмати давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд.
Таҳкими худшиносӣ ва тарбияи насли ҷавон
Дар шароити имрӯза баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арҷгузорӣ ба арзишҳои оилавию миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт нақши занон, бахусус бонувони фаъол дар хизмати давлатӣ, муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро занон дар тарбияи фарзанд, ташаккули муҳити маънавии оила ва ба насли наврас интиқол додани арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд.
Гузаронидани суҳбату вохӯриҳои тарбиявӣ бо ҷавонон, омӯзиши малакаҳои хизматӣ, баргузории озмунҳои фарҳангӣ, омӯзиши тарзи омода намудани таомҳои миллӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ ба таҳкими ин арзишҳо мусоидат менамоянд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ ва такмили малакаҳои хизматӣ
Яке аз самтҳои муҳими корҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти гумрук такмили омодагии хизматӣ мебошад. Дар ин замина барои бонувони мақомоти гумрук машғулиятҳои амалӣ оид ба истифодаи силоҳ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ гузаронида мешаванд.
Дар рафти машғулиятҳо кормандон бо талаботи бехатарӣ, қоидаҳои муомила ва истифодаи силоҳ шинос шуда, малакаҳои амалии худро такмил медиҳанд. Гузаронидани чунин машғулиятҳо ба баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматӣ, интизом ва масъулиятшиносии кормандон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар байни кормандони ҷавони мақомоти гумрук вохӯриҳо ва машғулиятҳои тарбиявӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар чунин чорабиниҳо бонувони мақомоти гумрук низ фаъолона иштирок намуда, бо ҷавонон суҳбатҳои тарбиявӣ анҷом медиҳанд. Зикр мегардад, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши таърихи давлатдорӣ, риояи қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб мераванд.
Арҷгузорӣ ба фарҳанг ва суннатҳои миллӣ
Дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти гумрук ба масъалаҳои ҳифзи фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани нақши занон ҳамчун ҳомии арзишҳои оилавӣ ва муаррифгари фарҳангу суннатҳои миллӣ дар байни бонувони мақомоти гумрук озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Дар рафти озмун иштирокчиён маҳорати кадбонугӣ, пухтупаз, тарзи ороиши дастархон ва риояи суннатҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, омода намудани ош ва дигар хӯрокҳои миллӣ аз бахшҳои асосии чорабинӣ ба шумор рафт.
Омӯзиши тарзи омода намудани таомҳои миллӣ дар баробари рушди малакаҳои рӯзгордорӣ барои ҳифзу идомаи анъанаҳои мардумӣ ва ба насли ҷавон интиқол додани таҷрибаи миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ба масъалаи либоси миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, бонувон бо намунаҳои либоси миллӣ ва аҳаммияти риояи фарҳанги либоспӯшӣ шинос мешаванд.
Таъкид мешавад, ки либоси миллӣ яке аз унсурҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, ҳифз ва тарғиби он барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, тадбирҳои дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозишуда ба татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ равона шудаанд.
Фаъолияти бонувони мақомоти гумрук нишон медиҳад, ки занони тоҷик дар баробари иҷрои вазифаҳои масъули давлатӣ дар таҳкими арзишҳои оилавӣ, ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли оянда низ саҳми арзанда мегузоранд.
Тақвияти иштироки занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо ва дастгирии ташаббусҳои созандаи бонувон яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Бонувони мақомоти гумрук бо меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешбурди хизмати давлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


