23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 83-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШРХГ ИДМ) баргузор гардид, ки дар он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок намуд.
.jpg)
.jpg)
Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ яке аз механизмҳои муҳими ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзо ба ҳисоб рафта, дар доираи он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории гумрукӣ, табодули таҷриба ва иттилоот, такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук баррасӣ мегарданд.
.jpg)
.jpg)
Дар ҷаласаи 83-юм иштирокчиён масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, самтҳои такмили маъмурикунонии гумрукӣ ва густариши ҳамкории байниидоравиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҷрибаи амалии давлатҳои худ табодули назар намуданд.
.jpg)
Иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, ба имзо расонидани санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории вохӯриҳои дуҷониба бо роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои минтақа ба таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, рушди робитаҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳамкории гумрукӣ мусоидат менамояд.
.jpg)
Дар ҷараёни сафари корӣ Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуд.
.jpg)
Имзои санади мазкур ба рушди ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Россия, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот ва эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.
.jpg)
Ҳамзамон, мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо сардор ва намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
.jpg)
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва такмили нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
.jpg)
Дар ин замина доир ба беҳтар намудани инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ табодули назар сурат гирифт.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


