21–23 сентябр дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ: таҷрибаи ба маълумот асосёфта — аз марҳилаи пеш аз воридшавӣ то назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ» баргузор гардид.

Дар он кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутахассисон ва тренерҳо аз мақомоти гумруки Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Семинари мазкур бо дастгирии Маркази байналмилалии савдо (ITC) дар доираи лоиҳаи Ready4Trade Central Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи семинар намояндаи роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳозирин ва коршиносони байналмилалиро хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши иттилоот рушди низоми муосири идоракунии таваккал яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, истифодаи самараноки маълумот, технологияҳои рақамӣ ва усулҳои таҳлилӣ имкон медиҳад, ки назорати гумрукӣ ҳадафмандона ба самти объектҳои дорои сатҳи баланди таваккал равона гардида, ҳамзамон ба анҷоми босуръат ва шаффофи расмиёти савдои қонунӣ мусоидат намояд.

Дар доираи барномаи серӯзаи семинар иштирокчиён масъалаҳои асосии идоракунии таваккалро дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти гумрукӣ баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои истифода ва сифати маълумоти пешакӣ, маълумоти пешакӣ дар бораи мусофирон — API/PNR, ҳамгироии маълумоти мақомоти гуногуни давлатӣ, истифодаи иттилооти оперативӣ барои таҳияи профилҳои таваккал ва муайян намудани камбудиҳои мавҷудаи низоми идоракунии таваккал мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Ҳамчунин истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ (AI/ML) барои баҳодиҳии таваккал, гузариш аз профилҳои анъанавии таваккал ба баҳодиҳии динамикӣ ва истифодаи таҳлили маълумоти калон барои баланд бардоштани дақиқии интихоби объектҳои назорати гумрукӣ баррасӣ гардид.

Дар идомаи семинар ба масъалаҳои аудити баъди барасмиятдарории гумрукӣ дар асоси таваккал низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокчиён тартиби интихоби субъектҳо барои аудит, таҳлили натиҷаҳои санҷишҳо ва истифодаи маълумоти бадастомада барои такмил ва навсозии профилҳои таваккалро омӯхтанд.
Зикр гардид, ки табодули таҷриба ва омӯзиши усулҳои муосири байналмилалӣ дар самти идоракунии таваккал барои таҳкими иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук ва такмили минбаъдаи низоми назорати гумрукӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Семинари омӯзишӣ инчунин барои таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти ташаккули низоми ҳамгиро ва ба маълумот асосёфтаи идоракунии таваккал замина фароҳам овард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


