ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздиди намояндагони Бонки Осиёии Рушд аз гузаргоҳи «Фотеҳобод–Ойбек»

18 сентябр намояндагони БОР (Бонки Осиёии Рушд) дар доираи миссияи машваратӣ аз гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод–Ойбек» боздид намуда, бо вазъи кунунӣ, инфрасохтор ва фаъолияти он шинос шуданд.

Зимни боздид мутахассисони БОР бо раванди ташкили фаъолияти гузаргоҳ ва гузаронидани назорати гумрукӣ шинос шуда, бо намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти гузаргоҳро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ эҳтиёҷоти мавҷуда, масъалаҳои мубрами фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод–Ойбек» ва самтҳои эҳтимолии навсозӣ ва такмили инфрасохтори он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба таври онлайн дар мулоқот иштирок намуда, доир ба фаъолияти гузаргоҳ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори наздисарҳадӣ табодули назар карданд.

Ҷонибҳо дар идомаи вохӯрӣ ба зарурати идомаи ҳамкории созанда ва табодули иттилоот ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки навсозии гузаргоҳ ва баланд бардоштани самаранокии ҳаракати фаромарзии молу воситаҳои нақлиёт таъкид намуданд.

Боздиди мазкур дар доираи миссияи машваратии БОР баргузор гардида, ба омӯзиши вазъи кунунии иншоот ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва наздисарҳадӣ равона шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: