7-9 сентябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии гумрук Форуми 7-уми умумиҷаҳонии кинологӣ баргузор гардид.
.jpg)
Дар кори Форум муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва муовини сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук Эмомзода Баҳриддин Сайнуриддин иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони беш аз 50 кишвари узви Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва коршиносони зиёда аз 15 созмони байналмилалӣ масъалаҳои рушди кинология ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукиро баррасӣ карданд.
.jpg)
Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ байни воҳидҳои кинологии мақомоти гумрук, такмили усулҳои омӯзиши сагҳои хизматӣ, ошкорсозии маводи мухаддир, воситаҳои тарканда, силоҳ ва дигар ашёи манъшуда равона гардид.
Дар ҷараёни Форум масъалаҳои истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар омӯзиш, ошкорсозии маводи мухаддири синтетикӣ, парвариш ва нигоҳубини бойтории сагҳои хизматӣ, инчунин татбиқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
.jpg)
Қисмати амалии ҳамоиш дар Маркази миллии кинологии шаҳри Тошканд баргузор шуда, иштирокчиён бо фаъолияти марказ ва усулҳои омодасозии сагҳои хизматӣ шинос гардиданд. Намояндагони мақомоти гумруки Узбекистон имконияти сагҳои хизматиро дар ошкорсозии маводи мухаддир, асъори хориҷӣ, маснуоти заргарӣ ва пайдо намудани шахсони пинҳоншуда намоиш доданд.
Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии кинологии шаҳри Тошканд ҳамкорӣ дошта, мутахассисони кинологии кишвар дар ин марказ курсҳои махсуси омӯзиширо гузаштаанд. Сагҳои хизматии дар марказ омодашуда низ дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Иштирок дар Форум барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ, такмили омодасозии мутахассисони кинолог ва рушди минбаъдаи хизмати кинологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


