16 сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ва баргузории нахустин нишасти сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад ба имзо расид.

Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба имзо расонид.
Созишномаи мазкур яке аз санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба буда, ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ равона гардидааст.
Ҳуҷҷати мазкур барои рушди ҳамкории муассир байни мақомоти гумруки ду давлат, таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши мубодилаи таҷриба заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи Созишнома ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва маълумоти гумрукӣ, расонидани ёрии мутақобила дар пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи пешқадам, инчунин рушди иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук пешбинӣ шудааст.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад бошад, ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки ду кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо интиқоли молҳои қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба моликияти зеҳнӣ мусоидат менамояд.
Баимзорасии ин санадҳо қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи гумрук буда, барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, мубодилаи таҷриба ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Амалӣ гардидани муқаррароти санадҳои мазкур ба таҳкими робитаҳои касбӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мақомоти гумрук ва рушди иқтидори касбии кормандон мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар доираи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Корея як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун равона шудаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


