Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, ҳифзу нигоҳдории мероси таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ бонувони Хадамот аз Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд таърихи куҳан, фарҳанги воло ва тамаддуни ғании миллати худро амиқ омӯзем, ба он арҷ гузорем ва онро ба наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас ҳифз намоем». Маҳз бо такя ба ин ҳидоятҳои созанда имрӯз дар мамлакат ба ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳадафи асосии ин ташаббуси маърифатӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи пурифтихори миллат, шиносоӣ бо мероси гаронбаҳои ниёгон ва таҳкими рӯҳияи худшиносии миллӣ миёни кормандони Хадамоти гумрук мебошад.

Зимни боздид иштирокдорон бо таърихи пурғановати Қалъаи Ҳисор, ки яке аз куҳантарин ёдгориҳои таърихиву меъмории Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз наздик шинос шуданд. Ба онҳо оид ба таърихи бунёд ва рушди қалъа, нақши он дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии минтақа ва аҳамияти он ҳамчун рамзи давлатдории куҳани тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Бонувони Хадамот инчунин аз Осорхонаи Ҳисор, мадрасаҳои қадима, Масҷиди Сангин ва дигар иншооти таърихии ҳудуди маҷмаа боздид намуда, бо намунаҳои нодири фарҳанг, ҳунар ва тамаддуни ниёгон аз наздик шинос гардиданд. Ин сафар барои онҳо имконият фароҳам овард, ки дониши худро оид ба таърихи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ватандӯстӣ аз донистани таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ оғоз меёбад». Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар самти тарбияи кормандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва масъулиятшиносӣ аҳамияти муҳим дорад.

Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ташаббусҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатии тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик арзёбӣ намуда, минбаъд низ идомаи чунин иқдомҳоро муҳим мешуморад.

Бонувони Хадамот аз ташкили чунин боздиди маърифатӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихии мамлакат ҳисси ифтихор аз давлатдории ҳазорсолаи тоҷикон, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бостонии миллатро дар қалби онҳо боз ҳам таҳким бахшида, барои фаъолияти содиқона ба нафъи давлат ва ҷомеа рӯҳияи тоза мебахшад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


