ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии солонаи байниминтақавии Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ ҳамкории мақомоти гумрукиро таҳким мебахшад

Намояндагони воломақоми мақомоти гумруки Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд дар Ёздаҳумин вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ (Passenger and Cargo Control Programme – PCCP) иштирок намуданд.

Ҳамоиш аз ҷониби Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон ва бо иштироки Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар намояндагӣ намуд. Зимни вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи Барномаи PCCP ҷамъбаст гардида, самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барнома, муайян намудани афзалиятҳои стратегӣ ва тавсияҳо дар самти сиёсати гумрукӣ, инчунин тадбирҳои амалӣ оид ба рушди ҳамкорӣ тавассути Марказҳои миллии ҳадафгузорӣ, такмили мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалиёти муштаракро муҳокима намуданд.

Дар ҷаласаи алоҳида, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук баргузор гардид, нақши ин ниҳод дар таҳкими ҳамкории шарикони Барномаи PCCP бо ҷомеаи ҷаҳонии гумрукӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин имконияти истифодаи васеи абзорҳо ва платформаҳои Созмони ҷаҳонии гумрук барои мубодилаи маълумоти таҳлилӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт, баланд бардоштани иқтидор ва иштирок дар амалиёти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Барномаи вохӯрӣ бо боздид аз Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт. Иштирокчиён бо фаъолияти Озмоишгоҳи марказии гумрук, Маркази коркарди гумрукӣ ва Маркази миллии ҳадафгузорӣ шинос шуданд. Зикр гардид, ки ин таҷриба талошҳои пайгиронаи Ҷумҳурии Узбекистонро дар самти навсозии равандҳои гумрукӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии хавфҳо инъикос менамояд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: