Аз 9 то 22 июли соли 2026 ҳайати намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари байналмилалӣ оид ба сертификатсияи операторони ваколатдори иқтисодии гумрукӣ барои кишварҳои иштирокдори ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки дар шаҳри Чанчжоуи вилояти Тсзянсуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
.jpg)
Дар семинар сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Маҳкамов Муродҷон Камолович, намояндаи Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Аминҷон Мирумшо ва сарнозири кафедраи ташкили назорати гумрук ва информатикаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Абдулҳақов Ҷаҳонбахт Нусратуллоевич иштирок намуданд.
.jpg)
Семинар бо маблағгузории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Jiangsu Inspection and Quarantine Institute of Quality (JSIQ) ташкил гардид. Зимни баргузории он масъалаҳои татбиқи низоми Оператори иқтисодии ваколатдор (ТВИ), идоракунии хавфҳо, рушди гумруки интеллектуалӣ (Smart Customs), рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
.jpg)
Иштирокчиён инчунин аз мақомоти гумруки шаҳри Чанчжоу, як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, марказҳои логистикӣ ва муассисаҳои таълимӣ боздид намуда, дар шаҳри Шанхай бо таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти рушди иқтисодӣ, фаъолияти савдои хориҷӣ ва ташкили инфрасохтори муосири логистикӣ шинос шуданд.
.jpg)
Иштирок дар семинари мазкур барои такмили донишҳои касбӣ, омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи низоми Оператори иқтисодии ваколатдор (ТВИ), рушди гумруки рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошта, таҷрибаи бадастомада дар фаъолияти амалии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар анҷоми семинар ба ҳамаи иштирокчиён сертификати хатми курс тақдим гардид.


