ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук баррасӣ шуданд

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук мизи мудаввар дар мавзуи «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш кормандону шунавандагони Донишкада, намояндагони Иттифоқи касаба, аҳли илму адаб ва коршиносон иштирок намуда, нақши ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таъмини амнияти байналмилалӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нозири калони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, лейтенанти хадамоти гумрук Раҳмонзода Акбар Сайдалӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла масоили обу иқлим, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдомҳои созанда ва башардӯстона эътироф гардидаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Сулҳу субот неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад». Ҳамчунин Сарвари давлат пайваста изҳор медоранд, ки «Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли ҳамаи масъалаҳои байналмилалӣ танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, муколама ва ҳамкории созанда мебошад».

Дар ҳамоиш директори Маркази ташвиқоти Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Собир оид ба саҳми Тоҷикистон дар таҳкими нуфузи байналмилалӣ суханронӣ намуд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам низ аз нақши ташаббусҳои Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин сарнозири Бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, майори хадамоти гумрук Собирзода Абдуқодир зимни маърӯзаи худ алоқамандии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллатро бо рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, омили муҳими таҳкими қонуният, сулҳу субот ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баланд арзёбӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: