Дар гузаргоҳи сарҳадии «Патар–Андархон» вохӯрии навбатии кории намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории сарҳадӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва навсозии инфрасохтори муштараки сарҳадиро баррасӣ намуданд.
.jpg)
Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва ҳайати Ӯзбекистонро муовини раиси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодир Мусамуҳамедов роҳбарӣ намуданд.
Нодир Мусамуҳамедов зимни ифтитоҳи вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, аҳамияти сулҳ, субот ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлатро таъкид кард.
.jpg)
Яке аз мавзуъҳои асосии музокирот масъалаи таҷдиду навсозии гузаргоҳҳои сарҳадии «Патар–Андархон» буд. Ҷониби Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ барои таҷдиди гузаргоҳи «Андархон» дар доираи барномаи солҳои 2027–2029 оғоз гардидааст. Пас аз тасдиқи лоиҳа он барои мувофиқа ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
.jpg)
Азим Турсунзода аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки гурӯҳи муштараки коршиносон бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор ва ташкилотҳои лоиҳакашии ҳар ду кишвар таъсис дода шавад, то ҳамоҳангсозии корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони инфрасохтори сарҳадӣ бо дарназардошти манфиатҳои мутақобила таъмин гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби ҳайати Ӯзбекистон дастгирӣ ёфт.
.jpg)
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин рӯнамоии мавзӯи «Табдили рақамии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуд, ки дар он асосҳои ҳуқуқии рақамикунонӣ, самтҳои рушди гумруки рақамӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ ва ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи маълумот муаррифӣ гардиданд.
.jpg)
Иштирокчиён ба масъалаи роҳандозии мубодилаи пешакии электронии тасвирҳои дастгоҳҳои бозрасии гумрукӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи амалии ин иқдом шартҳои техникии мубодилаи маълумот таҳия карда шуда, мутахассисони масъул аз ҳар ду ҷониб барои анҷоми ин кор муайян гарданд. Ҷониби Тоҷикистон инчунин пешниҳод намуд, ки ба ин раванд намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд.
.jpg)
Ҳамзамон, масъалаи омодагӣ ба имзои Протокол оид ба мубодилаи маълумот дар бораи воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронида мешаванд, баррасӣ гардид. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки таҳияи шартҳои техникии татбиқи ин санад пеш аз имзои расмии он оғоз карда шавад.
.jpg)
Дар музокирот инчунин масъалаҳои аз сар гирифтани мубодилаи маълумоти оморӣ, аз ҷумла маълумот оид ба арзиши гумрукии молҳо, ташкили назорати муштарак тибқи принсипи «Як таваққуф» дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва мубодилаи мунтазами маълумот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ вобаста ба арзиши гумрукӣ ва декларатсияи нодурусти молҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
.jpg)


