Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу гиромидошти мероси таърихиву фарҳангии миллат, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар доираи ҳамин сиёсати фарҳангиву таърихӣ хотираи фарзандони фарзонаи миллат пос дошта шуда, барои ҷовидона гардонидани номи онҳо ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.
Дар ҳамин замина кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва фарҳангии тоҷик — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Ниссор Муҳаммад ба оромгоҳи онҳо рафта, бо гузоштани сабаду гулчанбарҳои тару тоза ва хондани дуову фотиҳа хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи халқи тоҷик буда, дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Ниссор Муҳаммад низ бо эҷодиёти пурмазмун ва ашъори ватандӯстонаи худ дар рушди адабиёти миллӣ ва таҳкими худшиносии мардум нақши муассир дошта, аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштааст.
Бозгардонидани хоки ин фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан идомаи сиёсати фарҳангиву таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо мақсади пос доштани хотираи неки онҳо ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ амалӣ гардидааст. Ин иқдом нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки барои манфиатҳои миллат ва рушди Тоҷикистон талошу ҷоннисорӣ намудаанд.
Кормандони мақомоти гумрук бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар рӯзи истироҳат ба зиёрати оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста рафта, бо арҷгузорӣ ба хотираи онҳо садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон иброз намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ба гузаштагон ва пос доштани мероси таърихиву маънавии миллат аз арзишҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, чунин иқдомҳо дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши муассир доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


