ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конфронси 3-юми байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Ташаббуси Иссиқкӯл оид ба масъалаҳои гумрукӣ» баргузор гардид

Бо мақсади иштирок ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар Конфронси 3-юми байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Ташаббуси Иссиқкӯл оид ба масъалаҳои гумрукӣ», ки дар шаҳри Чолпон-Атаи вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ҳайати намояндагони Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 июни соли 2026 дар кори ҳамоиш иштирок намуд.

 

Зимни конфронс масъалаҳои мубрами рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, такмили механизмҳои ҳамкории электронии байниидоравӣ, татбиқи принсипи «Равзанаи ягона», истифодаи низомҳои идоракунии хавфҳо, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таҳлили маълумоти бузург дар фаъолияти мақомоти гумрук, инчунин табодули байналмилалии маълумоти пешакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён ба рушди экосистемаи рақамии гумрукӣ ҳамчун муҳити ягонаи ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, интиқолдиҳандагон, операторони анборҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тавассути технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони давлатҳои иштирокчӣ таҷрибаи худро вобаста ба ҷорӣ намудани декларатсиякунонии электронӣ, автоматизатсияи равандҳои назорати гумрукӣ, такмили механизмҳои идоракунии хавфҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳибкорон муаррифӣ карданд.

Ҳамзамон, таҷрибаи як қатор кишварҳо дар самти ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук бо мақомоти андоз ва бонкҳои марказӣ, инчунин татбиқи механизмҳои пешрафтаи баҳодиҳии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷолиби диққат арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки чунин ҳамгироӣ на танҳо барои санҷиши пардохтҳо, балки барои ташаккули профили хавфи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ низ истифода мешавад. Дар доираи ин раванд маълумот оид ба таърихи фаъолияти ширкатҳо, интизоми андозсупорӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳои хавф ба таври автоматӣ таҳлил гардида, дар асоси он сатҳи эътимоднокии субъект муайян карда мешавад.

Ба андешаи мутахассисон, омӯзиши имконияти татбиқи чунин механизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба ошкорсозии саривақтии ширкатҳои якрӯза, баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии хавфҳо ва таҳкими шаффофияти фаъолияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат намояд.

Зикр гардид, ки барои субъектҳои навтаъсис ё ширкатҳое, ки таърихи фаъолияти маҳдуд доранд, сатҳи назорат баландтар муайян шуда, барои ширкатҳои боэътимод ва риоякунандаи талаботи қонунгузорӣ дараҷаи хавф тадриҷан коҳиш меёбад. Ин равиш имкон медиҳад, ки хавфҳои эҳтимолӣ ҳанӯз дар марҳилаи пешниҳоди маълумоти пешакӣ ё пур намудани декларатсияи транзитӣ муайян гардида, самаранокии назорати гумрукӣ баланд бардошта шавад.

Аз рӯи натиҷаҳои конфронс зарурати рушди минбаъдаи низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук, такмили ҳамгироии байниидоравӣ, татбиқи қарорҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маъмурикунонии гумрукӣ таъкид гардид.

Таъкид шуд, ки таҷриба ва маводи дар доираи конфронс бадастомада метавонанд дар раванди такмили минбаъдаи низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои рақамии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи чорабиниҳои марбут ба рақамикунонии соҳаи гумрук мавриди истифода қарор гиранд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: