ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат»

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ» баргузор гардид.

 

Чорабинӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шудааст, инчунин банди 5 Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030, ки бо фармоиши Хадамоти гумрук аз 10 июни соли 2024 таҳти №Ф-76 тасдиқ гардидааст, доир шуд.

Дар мизи мудаввар кормандон, шунавандагон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мизи мудавварро сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асосии ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди забони миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб мешавад.

Дар доираи чорабинӣ як қатор маърузаҳои илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва фарҳанги муоширати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдуллоева Гулрухсор Зиёдуллоевна дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ» суханронӣ намуда, масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон, таҳкими мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва рушди онро ҳамчун забони илм, фарҳанг ва муоширати расмӣ шарҳ дод.

Ҳамчунин мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Ҳасанова М.А. дар мавзуи «Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол» баромад намуда, аз дастовардҳои муҳими солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рушди забони давлатӣ ёдовар шуд. Дар маъруза густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти илмӣ таъкид гардид.

Омӯзгори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳо Сирочова Нигина низ дар мавзуи «Забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ» маъруза намуда, нақши забони давлатиро дар таҳкими ҳувияти миллӣ, муттаҳидсозии ҷомеа ва рушди маънавии кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Дар қисмати муҳокима иштирокчиён оид ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханронӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба забони модарӣ ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушду густариши забони давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ баланд арзёбӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ муҳим ва саривақтӣ донистанд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: