11 июни соли 2026 дар шаҳраки Бурабойи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 82-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро — роҳбарони хадамоти гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Шӯро, роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Валерий Пикалёв ифтитоҳ ва роҳбарӣ намуда, ба ҷониби Қазоқистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинӣ изҳори сипос кард.

Директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Михаил Мыскин зимни суханронии худ ба муносибати 35-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳ зоҳир намуда, инчунин оид ба таъсиси формати нави ҳамкории густурдаи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди ИДМ маълумот пешниҳод кард.

Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои густариши ҳамкорӣ ва рушди муколама бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳадафҳои муштарак доранд, заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар ҷараёни ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба содагардонии ҳамлу нақли транзитӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин нӯҳ масъалаи рӯзномаи ҷаласа баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ба муносибати 35-солагии ИДМ ба кормандони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар фаъолияти Шӯро иштироки фаъолона дошта, дар рушди ҳамкории байналмилалии гумрукӣ саҳми арзанда гузоштаанд, нишонҳои сарисинагии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ тақдим гардиданд.


Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


