29 майи соли 2026 дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки Тоҷикистон, директори КВД «Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук, инчунин ҳайати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласа рушди минбаъдаи ҳамкории наздисарҳадӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ва табодули таҷриба дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои васеъ намудани қобилияти гузаронидани гузаргоҳ, такмили равандҳои убури сарҳади давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар маъмурикунонии гумрукӣ ва инчунин мубодилаи таҷриба дар самти табдили рақамии хизматрасониҳои гумрукиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба баррасии масъалаҳои мушкилоте, ки ҳангоми анҷом додани назорати гумрукӣ ва убури сарҳади давлатӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин таҳияи механизмҳои муштараки ҳалли фаврии онҳо равона гардид.
Илова бар ин, иштирокчиёни мулоқот дурнамои ҷорӣ намудани назорати муштараки гумрукӣ тибқи принсипи «Як истгоҳ» дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, масъалаҳои суръат бахшидан ба мувофиқа ва имзои ҳуҷҷатҳои техникӣ вобаста ба истифодаи низомҳои электронии сертификатсияи пайдоиши молҳо, инчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти гумруки ду давлат ва ҷорӣ намудани равишҳои муосир дар ташкили назорати гумрукӣ дар сарҳади давлатӣ тасдиқ намуданд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории наздисарҳадӣ, суръат бахшидани гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


