29 майи соли 2026 дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маросими супоридан ва ба истифода додани айвони (ангари) нав баргузор гардид. Айвон дар доираи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар доираи Барномаи ҷаҳонии назорати мусофирон ва боркашонӣ бунёд гардидааст.
Дар маросим Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Намояндаи минтақавии UNODC дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони мақомоти гумрук иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ санади қабулу супоридани иншоот ба имзо расида, лентаи рамзӣ бурида шуд. Ҳамчунин иштирокчиён бо инфрасохтор ва фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» шинос гардиданд.
Зикр гардид, ки айвони нав барои беҳтар намудани шароити гузаронидани назорати гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии муоинаи борҳо ва таҳкими иқтидори инфрасохтории дидбонгоҳи гумрукӣ, ки дар яке аз қитъаҳои муҳими сарҳади давлатӣ ҷойгир аст, мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳи мазкур таҷҳизоти муосири рентгении назорати гумрукӣ насб гардида, корҳои ҷорӣ оид ба татбиқи барномаҳои идоракунӣ идома доранд. Истифодаи ин таҷҳизот ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, суръат бахшидани раванди барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт ва таъмини амнияти иқтисодии давлат мусоидат менамояд.
Ба иштирокчиён оид ба фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод», нақши он дар таъмини савдои қонунии байналмилалӣ, инчунин пешгирӣ ва ошкор намудани интиқоли ғайриқонунии молҳо, воситаҳои нашъадор ва дигар ашёи мамнуъ тавассути сарҳади давлатӣ маълумот пешниҳод гардид.
Таъкид карда шуд, ки сохтмони иншоот бо ташаббуси Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҷаҳонии UNODC оид ба назорати мусофирон ва боркашонӣ ва бо дастгирии молиявии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ гардидааст.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими минбаъдаи иқтидори мақомоти гумрук, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти занҷираҳои таъминот мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


