ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТӮБИ ЁДГОРӢ - НИШОНАИ ҲАМДИЛӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тӯби ёдгорӣ - нишонаи ҳамдилӣ” баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдоми варзишию фарҳангӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон шарф, тӯби рамзӣ ва туҳфаи хотиравиро ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ, ҷонибдорӣ аз тарзи ҳаёти солим ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги варзиш эҳдо намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда дар партави сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати таҳкими фарҳанги солимгардонӣ, рушди футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол миёни ҷомеа, бахусус намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон аҳамияти муҳим ва муассир доранд.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди футбол ва муаррифии он ҳамчун василаи таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмии халқҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, ин иқдомҳо барои густариши нуфузи варзиш ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Аксияи мазкур дар фазои тантанавӣ, рӯҳияи ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои варзишӣ баргузор гардида, бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин арҷгузорӣ ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: