18 майи соли 2026 дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими тантанавии қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
.jpg)
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Аз ҷониби Русия дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин ва намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ширкат варзиданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ Роҳбари Намояндагии Хадамоти гумрук дар Федератсияи Русия, генерал-майори хадамоти гумрук Одиназода Хуршед Одина низ иштирок намуд. Маросими тантанавӣ бо иштироки ротаҳои қаровули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сурат гирифт.
.jpg)
Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунин таҷассумгари пайванди маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Ватан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшидаанд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1920–1930 иродаи қавии сиёсӣ нишон дода, аз ҳуқуқи миллати тоҷик барои рушд ва хештаншиносӣ дифоъ кардаанд. Ҳамчунин, Нисор Муҳаммад низ дар ташаккули асосҳои фарҳангсолорӣ ва маорифпарварии давлат саҳми назаррас гузоштааст.
Ғояҳо ва мероси шахсиятҳои мазкур аз имтиҳони замон гузашта, ҳамчун нишони эътирофи хидматҳои шоёни онҳо, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур пас аз вафот унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
.jpg)
Вазири корҳои хориҷӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Русия, маъмурияти шаҳри Москва ва ҳамаи онҳое, ки дар ташкили ин амали нек мусоидат карданд, самимона изҳори сипос намуд.
Дар суханрониҳои худ Михаил Галузин ва Михаил Швидкой аҳаммияти барқарорсозии адолати таърихиро вобаста ба бозгашти хоки қаҳрамонон ба Ватан зикр намуданд. Суханронон хизматҳои бузурги онҳоро дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таъкид намуда, қайд карданд, ки супоридани хок равобити бародаронаи миёни халқҳои Тоҷикистон ва Русияро таҳким бахшида, ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаву иттифоқӣ мусоидат менамояд.
.jpg)
Капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонон 19 майи соли 2026 ба Душанбе оварда шуда, ҳамчун рамзи ворисияти наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи кишвар, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


