ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди футболи оммавӣ дар Душанбе: мусобиқа барои «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷараён дорад

Тоҷикистони азизи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, варзишгарон пайваста кӯшиш мекунанд, ки Парчами кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

 

Варзиш яке аз омилҳои муҳими муаррифии миллат ва давлат ба ҳисоб меравад. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд.

Дар ин замина, аз 16 май то 27 июни соли 2026 мусобиқаи кушоди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои марбута, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, баргузор гардида истодааст.

Мусобиқа дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад. Дар ҳайати дастаи футболи «Хадамоти гумрук» бозигарон аз ҷумла: Сулаймонов Абдурасул Каримович, Абдуллоев Эраҷ Наҷмиддинович, Қиёмуддинов Раббонӣ Маҳмадуллоевич, Ибрагимов Беҳрӯз Солиҷонович, Ёрмаҳмадзода Наврӯз Ёрмаҳмад, Ҳасанов Тимур Лутфуллоевич, Қодиров Субҳиддин Тоҳирович, Қаландаров Мансурҷон Рустамович, Муминов Абдухолиқ Абдуламинович, Махсумов Ҳилолиддин Ҷамолиддинович, Саидов Саид Баҳруллоевич, Абдуқодиров Абдуҷаббор Ҷамшедович, Шодиён Сафар Раҳматуллозода, Назарзода Сиёвуш Нарзулло ва Алиев Ҷаъфар Маҳмадлоиқович иштирок менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи футболи «Хадамоти гумрук» дар даври аввали мусобиқа бо дастаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҳисоби 6:1 пирӯз гардид. Бояд зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол, ба самти афзалиятнок табдил ёфтааст.

Сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори варзишӣ, таъсиси майдончаҳои муосир ва баргузор намудани мусобиқаҳои гуногун ба баланд гардидани сатҳи футбол дар кишвар мусоидат намудааст.

Ҳамзамон, саҳми Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди футбол назаррас мебошад. Бо ташаббусҳои ӯ баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, беҳтарсозии шароити варзишӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш густариш ёфтааст.

Ин иқдомҳо ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани нуфузи футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: