ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони мақомоти гумрук дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок намуданд

Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.

Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир гардид.

Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.

Дави миллӣ ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он дар байни аҳолӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар таҳкими саломатӣ, пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим доранд. Давидан ҳамчун яке аз намудҳои маъмултарини варзиш ба беҳтар гардидани фаъолияти мушакҳо, мустаҳкам шудани буғумҳо ва баланд бардоштани қобилияти ҷисмонӣ мусоидат мекунад.

Инчунин, ба гуфтаи мутахассисон, машғулияти мунтазами давидан ба гардиши муътадили хун, тақвияти системаи масуният ва коҳиш ёфтани хатари бемориҳои дилу рагҳо мусоидат менамояд.

Баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат нишонаи сулҳу оромии давлати азизамон буда, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон маҳсуб меёбад. Дави миллӣ инчунин воситаи сарҷамъии миллат, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни шаҳрвандон мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: