ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ дар доираи аксияи «Тоҷикона мепӯшем»

6 майи соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе аксияи тарғиботиву ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангии мазкур бонувони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, зебоӣ ва асолати либоси миллии тоҷиконро муаррифӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии иқдоми мазкур, ки дар саросари кишвар роҳандозӣ гардидааст, арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва тақвияти муқовимат ба таъсири фарҳанги бегона мебошад.

Иштирокчиёни аксия, бахусус бонувони мақомоти гумрук, бо сарулибоси миллӣ аз матоъҳои ватании атласу адрас, чакан ва дигар намудҳои дастдӯзӣ дар фазои Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» сайругашт намуда, таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба фарҳанги либоспӯшии миллӣ, ҳунари чеварӣ ва ҳунармандии тоҷикона ҷалб намуданд.

Зимни иштирок бонувони Хадамоти гумрук ба духтарони ҷавон таъкид намуданд, ки либоси миллӣ яке аз унсурҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, муаррифгари симои маънавии миллат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки зан-модари тоҷик дар баробари иҷрои масъулиятҳои пуршарафи давлатӣ, ҳамзамон посдори арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аксияи «Тоҷикона мепӯшем» тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳамасола бо шукӯҳи хос баргузор мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: