ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ”

Аз 20 то 21 апрели соли 2026 дар шаҳри Самарқанд Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ” баргузор гардид.

 

Дар кори он муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, генерал-майори хадамоти гумрук Исозода Исо Шайдулло иштирок намуданд. Инчунин, намояндагон аз Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт, табодули таҷриба миёни мақомоти дахлдори кишварҳои минтақа ва таҳияи чораҳои муштарак ҷиҳати муқовимат бо ҷинояткории фаромиллӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти форуми мазкур фаъолона иштирок намуд. Пас аз анҷоми форум, Эъломияи Самарқанд қабул гардид, ки мавқеи муттаҳиди давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар таҳким мебахшад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: