Дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст, бо иштироки ҳайатҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.
.jpg)
Зимни мулоқот муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусамухамедов Надир Камалитдинович масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукро баррасӣ намуданд.
.jpg)
Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, такмили фаъолияти нуқтаҳои гузаргоҳ ва таҳкими ҳамкории байниидоравиро муҳокима карданд.
.jpg)
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо таҷрибаи худро дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ мубодила намуданд. Аз ҷумла, ҳайати Тоҷикистон низоми шиносоӣ ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз 16 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд.
.jpg)
Намояндагони ҷониби Ӯзбекистон таҷрибаи пешқадами Тоҷикистонро дар ин самт баланд арзёбӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.
.jpg)
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ боз ҳам тақвият мебахшанд.
.jpg)
.jpg)
ВАО


