ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузор гардидани шанбегӣ дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамот пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атроф саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Санаи 18 апрели соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии мақомоти гумрук ва гирду атрофи он корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашн баргузор гардид.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохилӣ ва гирду атрофи Хадамот, нарм намудани заминҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебову хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Дар ҷараёни шанбегӣ майдончаҳо, роҳравҳо ва ҳудуди маъмурии бино пурра тоза карда шуда, муҳити корӣ боз ҳам ободу назаррабо гардид. Чунин иқдомҳои созанда ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва дӯстдории муҳити зист миёни кормандон мусоидат менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: