ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти гумрук

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, дар раёсатҳои минтақавии гумрукии мақомоти гумрук силсилаи чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниҳои мазкур бо ибтикори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук роҳандозӣ шуда, ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” равона карда шуданд.

Дар ҷараёни дарсҳои тахассусӣ, ки дар шаҳрҳои Турсунзода, Душанбе ва вилояти Хатлон доир гардиданд, ба иштирокчиён нуктаҳои асосии Паём, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, инчунин вазифаҳои дар назди мақомоти гумрук гузошташуда шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти мамлакат бармеомада, яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди мақомоти гумрук ба ҳисоб рафта, аз онҳо масъулияти баланд ва муносибати касбиро талаб менамояд.

Ҳамзамон, дар чорабиниҳо намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба аҳамияти Паём дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими суботи ҷомеа маърузаҳо ироа карданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати тақвияти донишҳои касбӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва омодагии кормандон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: