ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Боку ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ баргузор шуд

Аз 8 то 10 апрели соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ барои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

 

Чорабинӣ аз ҷониби Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил карда шуда, ба масъалаҳои мубрами ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷойи пайдоиши мол бахшида шуд.

Дар ҷаласа ҳайатҳои кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ намояндагони Хадамоти гумрук, Вазорати фарҳанг ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ дар бахши ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷойи пайдоиши мол, ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, инчунин омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаро баррасӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: