ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори кишвар

Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вохӯрии судманд баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар толори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир гардида, дар он роҳбарият ва кормандони сохторҳои гумрук иштирок намуданд.

Дар кори вохӯрӣ Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Абдуқодирзода Ҷамшед Комил – сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷурабекзода Эраҷ Тоҷиддин – сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба муҳтавои Паём ибрози андеша карданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди давлатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Қайд карда шуд, ки дар Паём масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рушди соҳаи энергетика, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳкими амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Зикр гардид, ки татбиқи босамари ҳадафҳои дар Паём муайяншуда аз ҳар як корманд масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти содиқонаро тақозо менамояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар рушду пешрафти кишвар ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: