Аз санаи 13 то 14 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи роҳбарикунандаи миллии Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-11) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Барномаи БОМКА, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, тайи зиёда аз ду даҳсола ҳамчун яке аз ташаббусҳои муҳими минтақавӣ ҷиҳати таҳкими амният, рушди ҳамгироии идоракунии сарҳадот ва мусоидат ба тиҷорати расмӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардидааст. Марҳилаи нави барнома — БОМКА-11 — ба таҳкими минбаъдаи иқтидори институтсионалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ равона гардидааст.
Зимни баргузории чорабинӣ намояндагони Хадамоти гумрук зикр намуданд, ки дар доираи марҳилаи қаблии барнома — БОМКА-10 — ҳамкориҳои судманд ва самарабахш ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои назаррас дар самти таҳкими иқтидори мақомоти гумрук ба даст оварда шуданд.
Аз ҷумла, як қатор тадбирҳо ҷиҳати рушди заминаи институтсионалӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи идоракунии гумрукӣ амалӣ гардиданд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба такмили расмиёти гумрукӣ, аз ҷумла рушди низомҳои электронии коркарди ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани амалиёти транзитӣ равона карда шуд.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ рушди иқтидори кадрӣ ба ҳисоб меравад. Кормандони мақомоти гумрук дар як қатор семинарҳо, тренингҳо ва чорабиниҳои омӯзишии миллӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, дониш ва малакаҳои касбии худро такмил доданд, ки ин ба татбиқи усулҳои муосир дар фаъолияти гумрукӣ мусоидат намуд.
Илова бар ин, дар доираи барномаи БОМКА кӯмаки назарраси техникӣ ҷиҳати таҷдиди заминаи моддию техникии мақомоти гумрук расонида шуд. Аз ҷумла, таҷҳизоти муосир, аз қабили дастгоҳҳои сайёри рентгенӣ ва низоми таълими фосилавӣ ба Хадамоти гумрук дастрас гардида, самаранокии назорати гумрукӣ, мубориза бо қочоқ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ, инчунин сатҳу сифати таълими фосилавиро ба маротиб баланд бардоштанд.
Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави барнома — БОМКА-11, аз ҷумла таҳкими бехатарӣ ва суботи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, рушди босуботи иқтисодӣ тавассути ҳамгироии идоракунии сарҳадот, тақвияти ҳамкориҳои фаромарзӣ ва беҳтар намудани зисти аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар доираи вохӯриҳои соҳавӣ намояндагони Хадамоти гумрук пешниҳодҳои мушаххаси худро вобаста ба дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла дар самтҳои рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ва таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ ироа намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар кори чорабинии болозикр аз ҷониби Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин — сардори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумрук, Шарифӣ Парвина Шариф — муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук ва Саидов Маҳмудҷон Мансурович — нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


