ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар доираи семинари байналмилалӣ

Дар Ҷумҳурии Корея, дар ҳошияи баргузории Семинари байналмилалии сиёсӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдо 2026: “Беҳтар намудани экосистемаи ҷаҳонии савдо”, вохӯрии дуҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

 

Дар музокирот Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея, ҷаноби Мёнг-ку Ли, муовини сардори Раёсати назорати пас аз барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, Шодиён Сафар Раҳматуллозод, ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи идоракунии гумрукӣ ва ҳамчунин масъалаҳои мусоидат ба рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар баррасӣ намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Корея дорои хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда мебошанд. Қайд гардид, ки аз соли 2023 инҷониб афзоиши назарраси гардиши савдои дуҷониба мушоҳида мешавад ва нишондиҳандаҳо нисбат ба давраҳои қаблӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин замина, мақомоти гумрук нақши калидӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи савдои мутақобила доранд.

Ба лоиҳаҳои муштараки амалишаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, аз ҷумла навсозии низоми идоракунии хавфҳо бо дастгирии Ҷумҳурии Корея, ки ба рақамисозии расмиёти гумрукӣ, рушди мубодилаи байналмилалии маълумот ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири назорати гумрукӣ равона шудааст. Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии техникӣ ва коршиносӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти онро барои таҳкими иқтидори институтсионалии хадамоти гумрукӣ таъкид кард.

Дар навбати худ, Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея, ҷаноби Мёнг-ку Ли, қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Корея дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрукӣ, ҳамкории фаъол доранд ва якдигарро дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунанд. Ӯ сатҳи баланди ҳамкориро таъкид намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла дар самтҳои рақамисозӣ, идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо изҳор намуд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии муштаракро ҷиҳати амиқгардонии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилооти пешакӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои муосири рақамӣ, рушди низоми идоракунии хавфҳо, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва мубодилаи таҷриба тасдиқ карданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки вохӯрии баргузоршуда қадами муҳими таҳкими минбаъдаи шарикӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея буда, ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: