Имрӯз дар Ҷумҳурии Корея семинари сиёсӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдо таҳти унвони «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба масъалаҳои такмили низоми ҷаҳонии савдо ва рушди механизмҳои муосири мусоидат ба савдои байналмилалӣ бахшида шуда, дар он роҳбарони мақомоти гумрук ва намояндагони сатҳи баланд аз 10 кишвар иштирок намуданд.
Дар кори семинар Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдурахмон ва муовини сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит — Шодиён Сафар Раҳматуллозод ширкат варзиданд.
Зикр мегардад, ки иштироки ҳайати Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва омӯзиши равишҳои муосир дар соҳаи идоракунии гумрукӣ равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Мёнг-ку Ли аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар шароити рақамисозии босуръат ва рушди савдои ҷаҳонӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки мақомоти гумрук дар баробари таъмини риояи қонунгузорӣ ва амнияти савдои байналмилалӣ, дар фароҳам овардани шароити мусоид барои суръат бахшидан ба ҳаракати мол тавассути сарҳад нақши калидӣ доранд.
Ҳамчунин, дар доираи семинар масъалаҳои трансформатсияи рақамии равандҳои гумрукӣ, ҷорӣ намудани механизми «Равзанаи ягона», рушди савдои бебуҷҷат ва мубодилаи электронии маълумот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва таҳлили маълумоти калон, инчунин рушди савдои электронии фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи семинар иштирокчиён ба шаҳри Инчеон сафар намуда, бо инфрасохтори муосири гумрукӣ ва логистикии Ҷумҳурии Корея аз наздик шинос мешаванд.
Натиҷаҳои семинар барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи беҳтарин миёни мақомоти гумруки кишварҳо мусоидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


