Дар ноҳияи Варзоб, Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, бо мақсади татбиқи сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми навбатии ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва роҳбарияти Хадамоти гумрук аз ҷараёни корҳои кабудизоркунӣ боздид намуданд.
Дар доираи боздид иттилоъ дода шуд, ки барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 тасдиқ гардида, Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои минтақавӣ дар ин минтақа шинонидани 17 ҳазору 200 ниҳоли гуногунро ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки ин иқдом ба сабзгардонии муҳити зист, коҳиши газҳои гулхонаӣ, рушди иқтисодиёти «сабз» ва таҳкими амнияти экологӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, корҳои мониторинг, барқарорсозии ниҳолҳои хушкшуда ва шинонидани ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ идома дошта, барои афзоиши фазои сабз тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ба зарурати таъмини сифати корҳои агротехникӣ, нигоҳубини мунтазами ниҳолҳо ва ҷалби бештари кормандон ба ташаббусҳои экологӣ таъкид намуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст ва аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигоҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд.
Вазифаи кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат пеш аз ҳама ба бунёд ва барқарорсозии ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо равона шудааст, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Дар кишвар манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёданд ва ҳифзи онҳо аз ҳифзи ҷангалзорҳо сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера ва ба амал омадани эрозияи хок, ки ба биёбоншавӣ мерасонад, албатта ба фаъолият ва устувории ҷангалзорҳо таъсир мерасонад.
Хадамоти гумрук ҷиҳати иҷрои босамари барномаи давлатӣ ва беҳбуди муҳити зист чунин иқдомҳоро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


