Аз 10 то 12 феврали соли 2026 дар шаҳри Астана, Ҷумҳурии Қазоқистон, чорабинии дуюм доир ба татбиқи методологияи «Тадқиқоти вақти иҷозати мол» (Time Release Study – TRS) баргузор гардид. Дар кори он Саидов Маҳмудҷон Мансурович — нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва Махкамов Муродҷон Камолович — сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, инчунин коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда пас аз семинари аввал (шаҳри Тбилиси, соли 2025), табодули таҷриба ва муайян намудани қадамҳои минбаъдаи татбиқи методологияи TRS дар сатҳи миллӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ натиҷаҳои ибтидоии корҳои иҷрошуда муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки дар самти омодагӣ ба гузаронидани тадқиқоти миллӣ тадбирҳои зерин андешида шудаанд:
• таҳлили расмиёти амалкунандаи барасмиятдарории гумрукӣ;
• муайян намудани марҳилаҳои асосии раванд;
• омодасозии заминаи методологӣ;
• ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти марбута дар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ.

Дар доираи муҳокимаҳо масъалаҳои такмили механизмҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ҳамгироии натиҷаҳои TRS бо низоми идоракунии таваккал, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва муайян намудани нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, харитаи роҳ (нақшаи амал) барои марҳилаи минбаъдаи татбиқи методологияи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Дар ин замина ба коҳиш додани вақти умумии барасмиятдарории гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофият ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Коршиносони байналмилалӣ тавсия доданд, ки тадқиқоти миллӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони умумиҷаҳонии гумрук бо фарогирии пурраи занҷираи ҳаракати мол гузаронида шуда, натиҷаҳои он барои таҳияи чораҳои амалӣ ҷиҳати бартараф намудани таъхирҳо ва такмили расмиёти гумрукӣ истифода гарданд.

Татбиқи пайгиронаи методологияи «Тадқиқоти вақти иҷозати мол» ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва беҳтар гардидани муҳити тиҷоратӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти дахлдор тақвият ёфта, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳои вақти барасмиятдарорӣ ба роҳ монда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


