Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
.jpeg)
Маҷлиси тантанавиро сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсиро хайрамақдам намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки фаъолияти мақомоти гумрук дар соли сипаришуда дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Хадамоти гумрук ба таъмини даромадҳои буҷетӣ ва пешгирии қочоқи молу маҳсулот равона гардида, натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
.jpeg)
Қайд шуд, ки мақомоти гумрук дар ташаккули қисми даромади буҷети давлатӣ, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат, пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа, инчунин ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва истеъмолкунандагон нақши калидӣ дорад.
.jpeg)
Зикр гардид, ки 22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ заминаи ташаккули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали Истиқлолият, бо дастгирии Сарвари давлат заминаи ҳуқуқию моддии фаъолияти мақомоти гумрук тадриҷан ташаккул ёфт.
.jpeg)
.jpeg)
.jpeg)
Дар идома, як қатор кормандон барои хизмати софдилона ва саҳми арзандаашон дар фаъолияти мақомоти гумрук бо рутбаҳо, медалҳо, ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
.jpeg)
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти Раёсат ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


