ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёти сабз ва иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17 январи соли 2026 дар Донишгоҳ ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёти сабз ва иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Ҳадафи ҳамоиш баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба нақши мақомоти гумрук дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди устувор, гузариш ба иқтисодиёти сабз, инчунин густариши равандҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва такмили низоми идоракунии гумрукӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар кори ҳамоиш директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарофзода Фарҳод Раззоқ, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники Хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин, сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори Хадамоти гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода, профессори кафедраи бехатарии иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, полковники Хадамоти гумрук Насриддинов Фирӯз, инчунин заведующий кафедрой экономической теории и международных экономических отношений филиали Ростовии Академияи гумрукии Федератсияи Россия, дотсент Евграфова Ольга Владимировна иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзачиён масъалаҳои такмили механизмҳои танзими гумрукӣ дар шароити иқтисодиёти сабз, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти гумрук, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои гумрукӣ, коҳиш додани таъсири манфии равандҳои иқтисодӣ ба муҳити зист, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки рушди иқтисодиёти сабз ва рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нақши мақомоти гумрук дар татбиқи ин равандҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Иштирокчиён чунин ҳамоишҳоро заминаи муҳими мубодилаи таҷриба, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва таҳкими робитаи илм бо амалия арзёбӣ намуданд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: