Аз 8 то 12 декабри соли 2025 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-тренинги панҷрӯза дар мавзӯи «Савдои стратегӣ ва назорати содирот» баргузор гардид.
.jpg)
Семинар бо ташаббус ва дастгирии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ташкил гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва салоҳияти касбии кормандони мақомоти дахлдор дар самти назорати савдои стратегӣ, танзими содирот ва пешгирии паҳншавии молу технологияҳои дорои аҳамияти стратегӣ арзёбӣ мегардад. Чорабинӣ дар доираи татбиқи барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои муосир баргузор шуд.
.jpg)
Дар семинар кормандони мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба назорати интиқоли молҳои стратегӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ ва таҳкими ҳамкории амалиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Иштирокчиён бо меъёрҳои муосири байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои гуногун дар самти назорати содирот шинос гардиданд.
.jpg)
Барномаи семинар аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, мавзӯъҳои асосиро дар бар гирифт: мафҳум ва моҳияти савдои стратегӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; заминаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба назорати содирот; уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи конвенсияҳо, қарорҳо ва режимҳои байналмилалии назорати содирот; молҳо, технологияҳо ва хизматрасониҳои дорои таъиноти дугона; пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои расонидани он; нақши мақомоти гумрук дар муайян, бақайдгирӣ ва назорати молҳои стратегӣ ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ; ҳамкории мақомоти гумрук бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ; истифодаи низоми таҳлили хавф ва идоракунии хавфҳо дар фаъолияти гумрукӣ; муайян намудани аломатҳои хавфнок ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва миллӣ.
.jpg)
Дар ҷараёни семинар-тренинг муҳокимаҳои озод, саволу ҷавоб, корҳои гурӯҳӣ ва таҳлили ҳолатҳои воқеӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки донишҳои назариявии худро бо таҷрибаи амалӣ пайваст намоянд.
Иштирокчиён аҳамияти чунин чорабиниҳои омӯзиширо барои фаъолияти ҳаррӯзаи худ муҳим арзёбӣ намуда, зарурати идомаи онҳо ҷиҳати таҳкими иқтидори кадрӣ, такмили ҳамкории байниидоравӣ ва баланд бардоштани самаранокии назорати савдои стратегӣ ва содирот таъкид карданд.
.jpg)
Дар фарҷоми семинар-тренинг иштирокчиён бо сертификатҳо қадрдонӣ гардида, изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои омӯзиш дар амал татбиқ гардида, ба таҳкими амнияти иқтисодӣ ва миллӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


