ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони Хадамоти гумрук дар семинари байналмилалӣ оид ба муқовимат ба интиқоли ғайриқонунии силоҳ иштирок намуданд

Аз 27 то 30 октябри соли 2025 гурӯҳи 9-нафараи кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Муқовимат ба таҳдиди интиқоли ғайриқонунии силоҳи оташфишон”, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (СУГ) ташкил ва гузаронида шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони мақомоти гумрукӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон мебошад.

Дар доираи семинар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз ҷониби коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук баргузор гардида, иштирокчиён бо мавзӯъҳои зерин шинос шуданд:

• тавсияҳои СУГ оид ба таъмини амнияти гумрукӣ;
• таҳдидҳои муосир вобаста ба интиқоли ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ;
• қонунгузории байналмилалӣ ва санадҳои марбути Созмони Милали Муттаҳид;
• нақши гумрук дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон;
• усулҳои назорат ва санҷиши молҳои дорои хусусияти низомӣ;
• таҳдидҳои эҳтимолии 3D-принтерҳо дар истеҳсоли қисмҳои силоҳ;
• роҳҳои муайян кардани махфигоҳҳо дар воситаҳои нақлиёт барои пешгирии интиқоли ғайриқонунии силоҳ.

Машғулиятҳо дар шакли презентатсия ва муҳокимаҳои амалӣ баргузор гардида, иштирокчиён имкон ёфтанд таҷрибаҳои байналмилалиро омӯхта, дониши худро дар самти таъмини амнияти гумрукӣ тақвият бахшанд.

Дар анҷоми семинар ҳамаи иштирокчиён бо Сертификати байналмилалӣ аз номи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: