Душанбе, 24 октябри соли 2025. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои тахассусии кормандони мақомоти гумрук, аз 20 то 24 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос дар самти “Тартиби истифодаи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ” баргузор гардид.
Дар ин курс 25 нафар кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ иштирок намуданд. Машғулиятҳо тибқи барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ баргузор гардида, дар онҳо самтҳои гуногуни фаъолияти гумрукӣ ва роҳҳои самараноки истифодаи таҷҳизоти техникии назорати гумрукӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дар синфхонаи махсуси компютерии донишкада бо истифода аз барномаи таълимии Simfox шунавандагон таҳти роҳбарии мураббиёни соҳаи гумрук бо назария ва амалияи кор дар таҷҳизоти муосири муоинавии навъи Rapiscan шинос шуданд.
Simfox як платформаи интерактивии таълимӣ мебошад, ки барои омӯзонидани операторони дастгоҳҳои рентгении гумрукӣ ва амниятӣ таҳия шудааст. Барнома имконият медиҳад, ки кормандон дар муҳити виртуалӣ таҷрибаи воқеии кор бо таҷҳизоти назоратиро ба даст оранд, малакаи шинохтани объектҳои шубҳанокро инкишоф диҳанд ва ҳолатҳои гуногуни амалӣ ва фавриро модел намоянд. Истифодаи Simfox дар ҷараёни омӯзиш ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва таъмини иҷрои босамари вазифаҳои гумрукӣ мусоидат намуд.
Санаи 22 октябри соли 2025, дар доираи барномаи курс, машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ-и Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Марказ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, шароити мусоиди омӯзиширо барои иштирокчиён фароҳам овард.
Инчунин, 23 октябри соли 2025, машғулиятҳои амалӣ дар дастгоҳи калонҳаҷми рентгении Rapiscan дар дидбонгоҳи гумрукии “Терминал”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Шунавандагон бо сохтор, принсипи фаъолият ва тарзи истифодаи дастгоҳи мазкур шинос гардиданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, воситаҳои нақлиёти боркашро тавассути дастгоҳи рентгении “Rapiscan” муоина намуданд. Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки кадом қисмҳои воситаҳои нақлиёт эҳтимол доранд, ки барои пинҳон доштани молҳои ғайриқонунӣ истифода шаванд.
Истифодаи чунин таҷҳизоти техникӣ самаранокии назорати гумрукиро баланд бурда, имконият медиҳад, ки интиқоли ғайриқонунии молҳо аз сарҳад сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


